77 шаҳрванди хориҷӣ аз кишвар берун карда шуд
Душанбе, 22.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 77 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои суд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуд.Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А.Қодирӣ, дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ нисбат ба 148 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаҳои 499, 497 ва 138-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба 77 нафар (соли 2014-32) шаҳрвандони хориҷӣ барои дағалона вайрон кардани муқаррароти будубош бо қарорҳои суд аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуданд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд барои риоя накардани қоидаҳои будубош нисбат ба 58 нафар, вилояти Хатлон 6 нафар, ВМКБ 1 нафар, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 83 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуда, барои вайрон кардани муқарароти будубош мутаносибан аз вилояти Суғд 17 нафар, Хатлон 6 нафар, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 56 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






