Афзоиши пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ
Душанбе, 30.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раванди муътадили зиёд шудани пасандозҳои мардум дар бонкҳои ҷумҳурӣ давом дорад. Тавре ки аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, бақияи амонатҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар охири моҳи апрели соли равон назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,7 фоиз афзуд.
Таҳлил ва омӯзиши таркиби нишондиҳандаи номбурда нишон доданд, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба маблағҳои шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст. Аз ҷумла, 34,9 фоиз ё маблағи 2 620,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,1 фоиз ё 4 897,9 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил доданд.
Фоизҳои миёнавазни пасандозҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ бо пули миллӣ 15,10 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,89 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






