Анҷоми марҳилаи якуми «Нелегал-2015» дар Хатлон
Душанбе, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Марҳилаи якуми амалиёти муштараки фаврӣ-пешгирии «Нелегал-2015» дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки аз 11 то 18 майи соли равон идома дошт, хотима ёфт. Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо сохторҳои қудратӣ дар вилоят чорабиниҳои фаврӣ-пешгирӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла хариду фурўши одамон (дар робита бо СААД)-ро баргузор намуд. Дар ҷараёни амалиёти «Нелегал-2015» аз тарафи кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кўлоб дар «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кўлоб» ҳуқуқвайронкунии маъмурии як нафар шаҳрванди Федератсияи Русия барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор шуд. Нисбат ба он бо моддаи 499 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд. Марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2015» аз 21 сентябр то 9 октябри соли ҷорӣ оғоз мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






