Аёдати абармардони набард аз ҷониби Р.Аҳмадзода
Хуҷанд, 7.05.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд шурӯъ аз оғози моҳи равон аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва оилаҳои бесаробонмондаи ҷанговарон идома дорад. Дирӯз чунин як маъракаи аёдат бо иштироки шаҳрдори Хуҷанд доир гашт. Зимни аёдат шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода ба манзили 23 нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва 2 нафар шахси дар натиҷаи ҷанг бесарпаноҳ монда рафта, ба ҳамаи онҳо кумаки яквақтаи моддӣ расонид. Ҳамчунин ба ҳамаи иштирокдорони ҷанг туҳфаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ — либоси идона супорида шуд.
Шаҳрдори Хуҷанд қаҳрамонони арсаи набардро бо фарорасии Иди Ғалаба табрик намуда, таманниёти неку орзуҳои самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба онҳо расонд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






