Ба истиқболи ҷашни Ғалаба
Кӯлоб, 6.05.2015.(АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Тӯли як ҳафта аст, ки дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб Ҳафтаи поси хотир бахшида ба 70- солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» гузашта истодааст. Собиқадорони ҷанг бо тариқи садову симо ва рӯзномаҳо хотироташонро нақл мекунанд. Мақомоти иҷрояи шаҳр, комиссариати ҳарбӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ дар арафаи ҷашн ба собиқадорон кумакҳои пуливу молӣ мерасонанд. Аз ҷумла, дар Осорхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, коллеҷҳои тиббиву омӯзгорӣ семинарҳои илмӣ бо иштироки олимону адибон дар мавзӯи «Саҳми тоҷикон дар ғалаба бар фашизм» доир шуданд. Ҳамзамон барои маърӯзаҳои беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Ҳафтаи ҷашнвора дар манотиқи Кӯлоб идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






