Барқияи табрикии Э. Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Полша
Душанбе, 27. 05. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Полша Андҷей Себастян Дуд барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби олӣ, табрикоти самимии маро ба муносибати интихоб шудани Шумо ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Полша қабул намоед.
-Тоҷикистон ба муносибатҳои худ бо кишвари Шумо, ки самтҳои гуногуни ҳамкориҳои мутақобиларо фаро мегирад, баҳои баланд дода ва барои густариши ҳамкориҳои босуръат ҳавасманд аст. Мо бо қатъият минбаъд низ ҳамкориҳоямонро ба хотири мақсадҳои олии сулҳ, устуворӣ ва тараққиёт тахким мебахшем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо, Ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва дар мақоми масъул- Президенти Ҷумҳурии Полша муваффақиятҳо ва ба мардуми дӯсти он сулҳу рифоҳат таманно дорам».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






