Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Илҳом Алиев
Душанбе, 28.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,
Барои ман боиси қаноатмандист, ки ба Шумо табрикоти самимонаро ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон ирсол медорам.
Бо шарофати татбиқи амиқи хатти машй ва рушди босуботи иқтисодӣ, имрӯз Озарбойҷон дар худ кишвари рушдёбандаро таҷассум намуда, бо қатъият ба самти пешрафт ва созандагӣ пеш меравад.
Кишварҳои моро решаҳои таърихии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила бо ҳам мепайванданд. Мо ба дурнамои ҳамкориҳои манфиатовари Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо хушбинона нигариста, омодаем, ки кӯшишҳои заруриро барои татбиқи иқтидори бузурги он равона созем. Мутмаинам, ки мо дар якҷоягӣ метавонем муносибатҳоямонро ба манфиати кишварҳоямон ва мардумони он инкишофи бештар бахшида, ҳадафҳоямонро амалӣ намоем.
Дар ин рӯзи тантанавӣ мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар фаъолияти давлдатиатон муваффақиятҳои зиёд, ба мардуми дӯсти Озарбойҷон сулҳу пешрафт таманно дорам.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






