Баргузории намоишгоҳи минтақавии савдо Суғд-2015
Хуҷанд, 13.05.2015. (АМИТ Ховар, Абдуаҳад Шарифзода).-Мутобиқ ба қарори раиси вилояти Суғд моҳи июли соли равон дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи минтақавии савдо Суғд-2015 баргузор мешавад. Тавре ки дар ин бора сомонаи расмии раиси вилоят иттилоъ медиҳад, ҳадаф аз намоишгоҳи мазкур-дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир, инчунин ба маъраз гузоштани намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Инчунин дар доираи баргузории намоишгоҳи минтақавии савдо, ки 24-25 июл дар назар аст, Форуми чоруми минтақавии тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ» ва озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин» доир хоҳад гашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






