Бархурдории мактабҳои Исфара аз кумаки сафорати Ҷопон
Хуҷанд, 18.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада дирӯз дар доираи боздиди худ аз вилояти Суғд ва мулоқот бо раиси вилоят, ҳамзамон аз ноҳияи Исфара низ дидан намуд.
Тавре ки масъулин аз раёсати маъорифи вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни сафари худ ба ноҳияи Исфара сафири Ҷопон дар доираи татбиқи лоиҳаҳо оид ба дастгирӣ ва дастраснамоии таҷҳизоти зарури ба муассисаҳои соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз мактаби №5 шаҳри Исфара дидан намуда, ба муассисаи таълимии мазкур таҷҳизоти хониш тақдим намуд.
Сафири Ҷопон Такаши Камада зимни вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорону толибилмони мактаб баён дошт, ки сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон минбаъд низ ба таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои бахшҳои маориф ва тандурустии Тоҷикистон кумаку мусоидат хоҳад намуд. Алъон дар ин робита дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаи навбатӣ 7 мактаби шаҳри Исфара ба маблағи умумии 88 ҳазор доллари амрикоӣ бо мебел ва тахтаҳои синфӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода барои дастгирӣ ва кумак ба сафири Ҷопон изҳори минатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар тӯли 14 соли охир бо мусоидати сафорати Ҷопон заминаи моддиву техникии наздик ба 15 муассисаи таълимии шаҳри Исфараву ҷамоатҳои ноҳия беҳтар гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






