Баррасии ҳамкории ҷавонон ва мақомоти корҳои дохилӣ

Май 11, 2015 15:40

Кӯлоб, 11.05.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикситон имрӯз дар самти пешгирӣ аз терроризм ва эктремизми мазҳабӣ ва динӣ дар шаҳри Кўлоб семинари илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон» ташкил гардид, ки ҷавонони фаъоли Тоҷикситонро ба ҳам овард.
 Намояндагии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи барномаи баргузории семинари ҷумҳуриявӣ аз Маҷмааи давлатии осорхонаҳои Кӯлоб, мақбараи файласуфи машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва боғи марказии фарҳангу фароғатии шаҳр боздид намуда, бо таърихи куҳани ин минтақа ошно гардиданд.
Ҷавонони минтақаҳои Тоҷикистон дар назди қасри фарҳанги ба номи Рустам Абдураҳим бо намунаҳои дастовардҳои илмию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ошно гардиданд. 
 Намоишҳои мардумӣ бори дигар дорои таърихию қадима будани ин минтақаро инъикос намуданд. Ҳангоми боздид меҳмонон зикр карданд, ки ин намоишгоҳ воқеан ҳам идомаи мантиқии боздид аз мавзеъҳои таърихиест, ки қаблан онҳо тамошо карданд. 
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, раиси Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон Абдуллозода Аҳтам Рустам, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кўлоб Хайруллои Амонуло ва дигар шахсони расмӣ дар семинар иштирок карданд. 
Иҷрокунандаи ваифаи раиси шаҳри Кўлоб Хайруллои Амонулло ба ҳам омадани ҷавононро дар шаҳри Кӯлоб фоли нек ҳисобида, зикр кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ дӯстию рафоқатро миёни ин табақаи ҷомеа боз ҳам мустаҳкам намуда, дар тарғиби анъанаҳои миллӣ, эҳёи расму оинҳои мардумӣ, роҳ надодан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва нагаравидани ҷавонон ба мазҳабҳои тундрави ифротӣ нақши созгор хоҳад гузошт.
Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода дар мавзӯи «Сабабу омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ» иброз дошт, ки ҳадафи баргузории семинари имрўза баланд бардоштани савияи дониш, ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, ташвиқу тарғиби ҳувияти миллӣ ва тавсеа бахшидани ҳамкории ҷавонону донишҷӯён бо мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирии гаравидани ҷавонон ба зуҳуроти номатлуб мебошад.
Вазри корҳои дохилӣ иброз дошт, ки бештар ба ин гурӯҳҳои тундрав ва иртиҷоӣ ҷавононе ҷалб мешаванд, ки шумораи онҳо то кунун аз рӯи маълумотҳои фаврӣ зиёда аз 350 нафарро ташкил менамояд.
Гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шароити имрўза боиси таассуф аст, зеро бо таъсири хоҷагони хориҷӣ ҷавононро ба коми ҷангу оташ сафарбар менамоянд, ки билохира дар ин ҷанги бемаънӣ нобуд мешаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пуштибонӣ аз асолати миллӣ, омезиш наёфтани фарҳанги миллӣ бо дигар фарҳангҳои бегона ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди  ватандӯстию худшиносии миллӣ тадбирҳои муҳимро рӯи даст гирифтаанд. 
Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз дастгириҳои давлату ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби фаъолият ва саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ изҳори хушнудӣ намуда, ҷавононро ба он ҳидоят намуд, ки дар пешрафти ҷомеа бо дониши баланди сиёсию ҳуқуқии худ саҳми муносиб гузоранд.
Раиси Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикситон Абдуллозода Аҳтам Рустам оид ба мавзўи «Нақши ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чун омили пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо» зикр дошт, ки бо қабули барномаҳои махсус дар самти тарбияи ҳарбӣ- ватанпарастии ҷавонон ва ҷалби онҳо дар соҳахои мухталиф вазъи таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар рӯ ба беҳбудӣ овардааст, вале на ҳама ҷавонон аз ин имконоту шароити муносиб истифода мебаранд.
 
 

Май 11, 2015 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд