Баррасии конфронс оид ба масъалаҳои «Даҳсолаи об» дар назди Сарвазир
Душанбе, 27.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Масоили омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва талошҳои минбаъда бо мақсади дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот баррасӣ гардиданд.
Оид ба ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинии сатҳи баланд маълумоти аъзои кумитаи тадорукот ва роҳбарони гурўҳҳои корӣ шунида шуд.
Тавре ки таъкид гардид, раванди омодагиҳо ба баргузории конфронси мазкур ва чорабиниҳои дар доираи он баргузоршаванда, аз ҷумла Форуми байналмилалии кўдакон ва об, намоиши байналмилалии аксу мусаввараҳо, шоми фарҳангӣ , намоиши имконоту иқтидори захираҳои обӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи хуб ҷараён дошта, мунтаззам дар ҷаласаҳои ситоди корӣ баррасӣ мегарданд.
Дар ҷаласа аз аъзои кумитаи тадорукот ва роҳбарони гурўҳҳои корӣ тақвият бахшидани омодагиҳо ва таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт. 2005-2015» ва талошҳои минбаъда бо мақсади дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об талаб карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






