Баррасии масъалаи пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Хичордеви шаҳри Хоруғ бо занон, ҷавонон, фаъолзанони ҷамоат, ходимони дин мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимова, муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят Марзия Некпайева, сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмадалиева Сабоҳат ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ Париноз Азизова иштирок намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, майзадагӣ ва нашъамандии ҷавонон мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар чорабинӣ иштирокчиён дастгирии ҳамаҷонибаи худро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар иброз намуда, баҳри пешгирии ҳам гуна омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, таклифу пешниҳодро оид ба роҳҳои ҳамкорӣ дар ин самт пешниҳод намуданд. Дар чорабинӣ барномаи маърифатӣ фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи оила ба ҳозирин пешниҳод гардид.
Аз ҷумла дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон вохӯрии намояндагони кумита бо иштироки масъулини шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, маориф, тандурустӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, корҳои дохилӣ, суд, прокуратура, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, фаъолони ҷамоатҳои Назаршо Додхудоев, Сидҷ, Деҳрӯшон ва Дерзуди ноҳияи Рӯшон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Рӯшон Худоёр Худоёров ширкат намуд. Дар чорабинӣ муовини раиси Кумита М. Олимова оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа сухан намуда, ба масъулини соҳаҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






