Баррасии масоили метрологӣ дар ҷаласаи 25-уми КООМЕТ
Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бори аввал 26-28-уми майи соли равон дар Осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум ҷаласаи 25-уми Кумитаи созмони ҳамкориҳои АвруОсиёии муассисаҳои давлатии метрологӣ, яъне КООМЕТ ва ҷаласаи 13-уми Кумитаи муттаҳида оид ба эталонҳо бо иштироки намояндагони зиёда аз 20 давлати ҷаҳон баргузор мегардад.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, роҳбарон ва намояндагони идораҳои стандартонӣ ва метрологии 12 давлати муштаракулманофеъ (ИДМ), ба монанди Федератсияи Русия, Беларус, Украина, Қазоқистон, Озарбойҷон, Молдова, Арманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, инчунин аз мамлакатҳои ИМА, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Франсия, Олмон, Туркия, зиёда аз 50 нафар намоянда ширкат мекунад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур президенти созмони КООМЕТ ва президенти стандарти давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар роҳбарони соҳаи стандартонӣ ва метрологии кишварҳои хориҷи дурру наздик ширкат мекунанд.
Иштирокчиёни ҷаласа дар давоми 3 рӯз масъалаҳои муҳими соҳаи метрология ва эталонҳо, ҳамчунин дурнамои фаъолияти созмонро баррасӣ хоҳанд кард ва аз рӯи барнома бо ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии вилоят ошно хоҳанд шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






