Баррасии масоили муҳоҷират дар Душанбе
Душанбе, 18.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи баргузории «Рўзҳои шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои он» аз 30 апрели соли ҷорӣ сар карда, ҳар ҳафта рўзҳои панҷшанбе «Рўзҳои шаҳри Душанбе дар ноҳияи он» баргузор мегардад.
Рўзҳои шаҳри Душанбе дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр тавассути гузаронидани вохўриҳои сокинон бо роҳбарияти шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, сохторҳои хизматрасонии коммуналӣ, нақлиёти шаҳрӣ ва дигар сохторҳои марбута анҷом дода мешаванд.
Дар вохўриҳо тибқи «Роҳнамо» асосан масъалаҳои ҳолати санитарию тозагӣ ва экологӣ, ҳолати роҳҳо, риояи талаботи шаҳрсозӣ, хизматрасонӣ, иҷтимоиёт, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъалаҳои умумӣ дар маҳаллаҳо қаблан санҷидашуда баъдан муҳокимаю арзёбӣ мешаванд.
Бо назардошти ҷадвали баргузории «Рўзҳои шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои он» мактуби Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе унвонии раисони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе фиристода шуд.
Дар мактуб қайд гардид, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба Федератсияи Русия манъ гардидааст ва хоҳиши кор кардан дар ташкилоту муассисаҳои пойтахтро доранд ё мехоҳанд дар кишварҳои дигари будубош фаъолият намоянд ё ба соҳибкории хурду миёна ва касбомўзӣ машғул шаванд, ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба суроғаи хиёбони А. Рўдакӣ, 37 муроҷиат намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба онҳо дар ҳалли мушкилоташон мусоидат менамояд ва омодааст бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохўрӣ анҷом диҳад.
Дар вохўриҳо сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Н. Ғаниев ва дигар кормандони Раёсат иштирок намуда, ба шаҳрвандон дар бораи конунгузории нави муҳоҷират дар Федератсияи Русия, тарзи гирифтани Патент, супоридани тест (имтиҳон) аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР равшанӣ меандозанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






