Баррасии рушди санъатшиносӣ дар Тоҷикистон

Май 15, 2015 08:52

Душанбе, 15. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар мавзӯи «Масоили рушди санъатшиносӣ дар Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид. 
Дар он мутахассисони соҳаи санъат аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ҷамъ омаданд. Иштирокдорон масоили ҳалталаби илми санъатшиносӣ; ҳолати имрӯза ва масъалаҳои муҳими илмӣ, мавқеи санъатшиносӣ дар байни илмҳои ҷомеашиносии Тоҷикистон ва масъалаи тайёр намудани мутахассисони соҳаи санъатшиносиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. 
Гуфта шуд, ки инкишофи муваффақонаи санъатшиносии ватании Тоҷикистон ҳалли як зумра масъалаҳоро, ки илми санъатшиносӣ дар замони муосир дучор меояд, талаб менамояд. 

Май 15, 2015 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад