Баррасии шарикии давлат ва бахши хусусӣ
Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Чанде қабл таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Шўро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии Шўро баргузор гардид. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи навбатии Шўро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ як силсила масъалаҳо, аз ҷумла, оид ба ҷараёни иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шўро аз 13 июни соли 2014, протоколи №1, аз ҷумла, мониторинги иҷрои қарорҳои ҷаласаи якуми Шўро; оид ба лоиҳаҳои Сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва шохобҳои он ва Ҷалби оператори ботаҷриба оид ба идораи ШСХК Барқи Тоҷик; оид ба лоиҳаи Сохтмони Маркази нақлиётию логистикӣ дар ш. Турсунзода; оид ба лоиҳаҳои Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ, Сохтмони хати роҳи оҳан ва Сохтмони инфрасохтори аввалия дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»; оид ба лоиҳаҳои нави эҳтимолии шарикии давлат ва бахши хусусӣ: Сохтмони хати интиқоли барқ ба МОИ Данғара; Таъсиси Маркази таҳсилоти симулятсионии тиббӣ дар ҶТ; Сохтмон, истифода ва супоридани Бўстонсарой; оид ба таъсиси Фонди таҳияи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ баррасӣ шуданд.Аз рўи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби раиси Шўро зикр гардид, ки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ падидаи нав ба шумор меравад ва ҳамаи моро зарур аст, ки ҷиҳати рушди механизми мазкур тавассути татбиқи лоиҳаҳои шарикӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ба ин васила таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар азму талош намоем.Таъкид гардид, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ омодааст ба ҳамаи ташаббускорон ва ташкилотҳои фармоишгар дар муайян намудани лоиҳаҳои шарикӣ ва омода кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ чиҳати амалӣ намудани онҳо тибқи механизми шарикӣ, гузаронидани тендер, бастани созишномаҳои шарикӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳамаҷониба мусоидат ва кумак намояд.Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати Шўро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Шўро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси Шўро, аъзои Шўро — роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» — Котиби Шўро шомиланд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






