«Барселона» ба даври ниҳоии Лигаи чемпионҳо роҳ ёфт

Май 14, 2015 10:31

Душанбе, 14-05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)-  Вохӯрии ҷавобӣ миёни дастаҳои футболи «Бавария»-и Олмон ва «Барселона»-и Испания дар даври нимниҳоии мусобиқаи Лигаи чемпионҳо дар сатҳи баланд баргузор шуд. Барои соҳибони майдон вохӯрӣ бобарор оғоз гардид. Маҳз як тӯби задаи Меҳди Бенатиа умеди соҳибони майдонро барои муваффақ гардидан дар ин дидор бештар намуд. Ҳарчанд дастпарварони Хосеп Гвардиола имкони ситонидани интиқоми хешро аз ин тим доштанд, вале се ҳамлагари номвару моҳири дастаи «Барселона» дар зудтарин фурсат мизбононро дилсард кард.
 Маҳз ҳамин се футболбоз ҳуҷуми хатарноки меҳмононро созмон доданд ва бо голи Неймар ба поён расид. Футболбози бразилӣ дар нимаи аввали сабқат имкон ёфт маротибаи дуюм низ дарвозаи мизбононро рахна намояд. То анҷоми қисми аввал соҳибони майдон чанд дафъа имкон доштанд, то ба бозӣ дигаргунӣ ворид созанд, вале Андре тер Штеген ҳар дафъа дарвозаашро аз гол эмин нигоҳ дошт.
Ёдовар  мешавем, ки  дар қисми дуюми рақобат, меҳмонон ба иштибоҳ роҳ доданд. Шогирдони Луис Энрике ба ҳарифон имкон доданд, ки ду дафъаи дигар дарвозаи Тер Штегенро рахна созанд. Роберт Левандовский ва Томас Мюллер ғалабаи дастаи Баварияро дар ин дидор таъмин намуданд, вале пас аз натиҷаи ду вохӯрӣ тими «Бавария» аз ширкат дар бозии ниҳоии Лигаи чемпионҳо маҳрум шуд. 
Акнун дастаи «Барселона» дар шаҳри Берлин дар дидори ниҳоӣ вориди рақобат мешавад. Ҳадафи асосии дастаи «Барселона»- ин ғалаба дар даври ниҳоии Лигаи чемпионҳо хоҳад буд, мегӯяд Лионел Месси. «Хеле хушҳолем, ки ба даври ниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфтем. Футболбозони мо дар вохӯрии дуюм низ ба мақсади худ расиданд ва акнун мо ба финал омодагӣ мегирем».
 

Май 14, 2015 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд