Беш аз 4 миллион $ имтиёз ба «Хуаҷиан Гаюр Индустриал»
Душанбе, 27.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати кишвар ба ширкати муштараки «Хуаҷиан Ғаюр Индустриал», ки онро яке аз соҳибкорони ҷавони тоҷик Акбар Асадуллозода роҳбарӣ менамояд, ба маблағи 4, 3 миллион $ — имтиёзҳои андозӣ дод. Дар ин росто 27 май ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» илова ворид шуд.
Ширкати «Хуаҷиан Ғаюр Индустриал» дар ноҳияи Ёвон, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли гипсакартонро ба маблағи 18 миллион $ бунёд менамояд, ки иқтидори он дар як шабонарӯз истеҳсоли 10 ҳазор дона гипсакартон аст.
Меҳринамо Ҷонмамадова-муовини вазири молияи кишвар зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки ин тадбир бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани талаботи бозори дохилии кишвар бо масолеҳи ватанӣ ва таъмини аҳолии кишвар бо ҷойҳои нави корӣ андешида шудааст. Мавсуф афзуд, ки аз 18 миллион $ , ки корхонаи гипсакартон сохта мешавад, 4, 3 миллион $ имтиёз аст, яъне 3,4 миллион $ андоз аз арзиши иловашуда ва 0,9 миллион $ боҷи гумрукист, ки корхона ҷиҳати воридоти техникаю таҷҳизот ва дигар воситаҳои истеҳсолот истифода менамояд. Корхонаи истеҳсоли гипсакартон дар зарфи 1,5 -2 сол ба истифода дода шуда, дар марҳилаи аввал 200 ва баъдан то 350 нафар шаҳрванди кишвар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегардад.
Акбар Асадуллозода, роҳбари ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индустриал» дар суҳбат ба хабарнигорони парлумонӣ гуфт, ки саҳми Тоҷикистон дар бунёди корхонаи истеҳсоли гипсакартон 80% ва Чин 20%-ро ташкил медиҳад. Мавсуф афзуд, ки аз 10 ҳазор дона гипсакартоне, ки дар корхонаи мазкур истеҳсол карда хоҳад шуд, 7 ҳазор донаи он ба бозорҳои масолеҳи сохтмонии кишвар ва 3 ҳазор донааш ба Афғонистон содирот мешавад. «Мо аллакай намояндаи худро ҷиҳати омӯзиши бозори Афғонистон ба ин кишвар фиристодем»,- гуфт А. Асадуллозода. Ҳамзамон Акбар Асадуллозода таъкид кард, ки дар мавриди ба кор шурӯъ кардани корхонаи истеҳсоли гипсакартон нархи он дар бозори масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон то 30-45 % арзон хоҳад шуд. Мавсуф афзуд, ки алҳол 45% гипсакартоне, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, ба Қазоқистон ва боқимондааш ба Чин рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки моҳи ноябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Ёвон хишти нахустини бунёди корхонаи истеҳсоли гипсакартонро гузошт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






