Беш аз 700 ҳазори шаҳрдорӣ ба иштирокдорони ҶБВ
Душанбе, 06.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шаҳрдории Душанбе дар остонаи ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва шахсони имтиёзҳояшон ба онҳо баробар кардашуда, 716 ҳазору 100 сомонӣ кумаки якдафъаина ҷудо намуд. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ин маблағҳо ба нафарони мазкур на дертар аз 7 май расонида мешавад.
Аз ин маблағ ба 95 нафар иштирокчиву маъюби ҶБВ ва 3 нафар ҳамсарони ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида, ки дар Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷудо шудааст. Инчунин ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ, дар давраи ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 700 (ҳафтсад) сомонӣ дода мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






