Биснес-форуми Тоҷикистону Олмон дар Душанбе

Май 15, 2015 16:21

Душанбе, 15. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-17 майи соли ҷорӣ роҳбари кумитаи иҷроияи шарқии иқтисодиёти олмонӣ профессор Райнер Линднер барои иштирок дар бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки 18 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо  сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов иттилоъ дод, Р. Линднер дар доираи сафари худ бо Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии кишвар вохӯрӣ намуда, дар ифтитоҳи  бизнес -форуми Тоҷикистону Олмон иштирок хоҳад кард.
Ба гуфтаи сафир, ҳайати олмонӣ аз 25 нафар соҳибкору сармоягузор ва намояндаи доираҳои тиҷоратӣ иборат мебошад. Зимни вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Олмон мубодилаи иттилоот, муаррифии лоиҳаҳои бузург ба нақша гирифта шудааст, ки ин барои ҳамкориҳои оянда такон бахшида, ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармояи олмониро ҷалб менамояд.
 
 

Май 15, 2015 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд