Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон дар Душанбе
Душанбе, 19. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ва таҳрик додани ҳавасмандии сармоягузорони хориҷӣ ба татбиқи тарҳу лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи соҳибкорони тоҷику олмонӣ дирӯз Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон доир гардид.
Дар ҳамоиш мавқеи ҷонибҳо бобати рушди соҳибкорӣ муайян гардида, ҳамчун натиҷаи самарабахш аз кори он миёни ширкатҳои олмонӣ ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оид ба сохтани маркази логистикӣ дар фурудгоҳи пойтахт ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бахши хусусӣ Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.
Зимни таҳлилу муҳокима аз натиҷаи ҳамкориҳо дар бахши соҳибкорӣ бо кишвари Олмон таъкид гардид, ки миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон дар бахши татбиқи лоиҳаҳои гуногуни барои хоҷагии халқи ҳарду ҷониб афзалиятнок то имрӯз корҳои самарабахше ба анҷом расонида шуда, ҳоли ҳозир бисёр тарҳҳои дигар дар ҳоли баррасӣ ва пешниҳод қарор доранд, ки далели сол то сол густариш пайдо намудани ин ҳамкориҳоянд.
Дар ҷараёни бизнес-форум дар маҷмӯъ имкониятҳои иқтисодии ҳарду кишвар бобати тақвияти ҳамкориҳо ва рушди соҳибкорӣ, махсусан дар бахшҳои роҳсозӣ, кишоварзӣ ва сохтмони неругоҳҳои бузург муаррифӣ гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






