Бойгонии давлатии вилояти Суғд 90-сола шуд
Хуҷанд, 30.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Шурӯъ аз 9-уми апрели соли 1925 дар қаламрави шимоли Тоҷикистон, уезди Хуҷанд (алъон вилояти Суғд) бо қарори кумиҷроияи уезди Хуҷанд бори аввал дар миқёси ҷумҳурии навтаъсиси худмухтории Тоҷикистон мансаби расмии бойгоничӣ (архивариус) ҷорӣ шуда, баъдан дар ин замина Идораи бойгонии давлатии уезди Хуҷанд низ таъсис шуд.
Моҳи апрели соли равон Идораи бойгонии давлатии вилояти Суғд (уезди Хуҷанд) 90 сола шуд. Дар ин замина чанде пеш Қарори раиси вилояти Суғд ҷиҳати дар даҳрӯзаи якуми моҳи июни соли равон таҷлил намудани “90-солагии Бойгонии давлатии вилояти Суғд» ба тасвиб расид.
Тавре ки аз Идораи бойгонии вилоятӣ иттилоъ доданд, қарори мазкур бо назардошти саҳми кормандони бойгониҳои давлатӣ, байниидоравӣ ва бахшҳои бойгонӣ дар пешбурди кишвар, ҳамчунин мавқеи онҳо дар ҷомеа қабул шуда, дар доираи таҷлили ҷашн баргузории мулоқоти собиқадорони соҳа бо кормандони бойгониҳои давлативу байниидоравӣ, вохӯрии донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо собиқадорони бойгонӣ ва гузаронидани як силсила чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






