Боздиди аъзои Парлумони СААД аз марзи Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 15.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фардо, 26 май дар Душанбе ҷаласаи сайёри ҳамоҳангсози раисони Ккмитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ дар назди Шӯрои Ассамблеи СААД баргузор мегардад.
Назар ба иттилои Рустам Қудратов- узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди ҳайати неруҳои низомии СААД, ҷараёни иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар давраи роҳбарӣ дар СААД, авзои сиёсию низомии Осиёи Марказӣ, масъалаи таъмини амният дар сарҳадот, тамоюли авзо дар Афғонистон ва хатару таҳдидҳо барои кишварҳои СААД, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он, инчунин мубориза бар зидди коррупсия матраҳ хоҳанд гардид.
Намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД зимни сафар ба Душанбе ҳамчун рамзи эҳтиром ба тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ-нахустин асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузошта, инчунин аз Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти кишвар, бригадаи десантию ҳамлавар, воқеъ дар ағбаи Фахробод ва марзи Тоҷикистону Афғонистон боздид менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






