Боздиди профессори амрикоӣ аз ДМИТ
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ Ховар, Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар муддати ду рӯз дар мавзӯи «Мубоҳиса оид ба масъалаҳои муосири иқтисодӣ» ва «Моделсозии иқтисодии Тоҷикистон» бо иштироки профессори амрикоӣ Эдвард Тауэр мизи мудаввар доир гардид.Эдвард Тауэр доир ба масъалаҳои муосири иқтисодӣ, сатҳи забондонӣ ва таҷрибаи кории хеш иттилоъ дода, мақсади ташрифашро ба донишкада як навъ таҷрибаомӯзии тарафайн маънидод намуд.Мавриди зикр кард, ки мизи мудаввар пурра ба забони англисӣ сурат гирифта, дар он устодону донишҷӯёне, ки забони англисиро медонистанд, иштирок доштанд.Инчунин профессори амрикоӣ аз кафедраи забонҳои хориҷӣ дидан карда, бо устодони он суҳбати судманд анҷом дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






