Боздиди вазир аз мавқеи ДМТМ ва қисми ҳарбӣ
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- 10 май вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо дастури Сарвари давлат бо ҳайати шахсии дастаи милисаи таъйиноти махсус (ДМТМ) — и вилояти Хатлон ва қисми ҳарбии 2610 Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, воқеъ дар вилояти Хатлон вохӯрда, бо шароити зист ва иҷрои хидмати сарбозону афсарон шинос шуд.
Назар ба иттилои идораи ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, роҳбари ВКД сарбозону афсаронро даъват намуд, ки хидмати Ватану халқро садоқатмандона баҷо оварда, барои ҳифзи Ватан доимо муттаҳиду омода бошанд.
Қобили зикр аст, ки сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ ҳамеша аз ғамхории роҳбарияти ҳокимияти давлатӣ бархурдор буда, шаҳрвандони кишвар аз хидмати софдилонаи онҳо ифтихор доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






