Боздошти иҷозатномаҳои қалбакӣ барои риш
Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Моҳи апрели соли 2015 аз ҷониби шахсони номаълум бо истифода аз техникаи компютерӣ ҳуҷҷати баръало сохтаи «Иҷозатнома барои риш ва ҳиҷоб» ба номи «Бойматов Иномҷон Шаҳобович» ва «Ахмедова Нигора Рустамовна» сохта шуда, шакли онҳо бо эълони бардурӯғ дар хусуси он, ки гӯё чунин «иҷозатномаҳо» аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ситонидани 250 сомонӣ маблағ дода мешаванд, дар сомонаҳои интернетӣ паҳн гардидааст.
Аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, бо назардошти он, ки ҳаракатҳои шахсони номаълуми «Иҷозатнома барои риш ва ҳиҷоб»-ро сохтакорикарда ва эълони бардурӯғро паҳнкарда ба барангехтани кинаю адовати динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд ва бинобарин дар ин ҳаракатҳо баръало аломатҳои ҷиноятҳои барангехтани кинаю адовати динӣ ва сохтакорӣ бо истифодаи техникаи компютерӣ дида мешаванд, оид ба ҳолати мазкур 18 майи соли 2015 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 189 қисми 1 ва 340 қисми 2, банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






