Бозиҳои делфӣ -«Ба шарафи Ғалабаи Бузург»
Душанбе, 16. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 1 то 6 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Орёли Федератсияи Русия бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ва таҳти васояти Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Федератсияи Русия тибқи лоиҳаи фарҳангӣ Бозиҳои XIV-уми Русия ва Бозиҳои X-уми делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ таҳти унвони «Ба шарафи Ғалабаи Бузург» баргузор гардиданд.Бозиҳои делфӣ аз рӯи 27 номгӯ дар равияҳои академӣ, анъанавӣ, санъати иҷрокунандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки 1943 нафар наврас ва ҷавон аз 71 минтақаи Федератсияи Русия ва 15 кишвари хориҷӣ: Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Руминия, Туркия, Финляндия, Булғория ва Африқои Ҷанубӣ доир гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси аъзои ҳайати ҳакамони байналмилалӣ сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Хуршед Низомов муаррифӣ намуд.Дар доираи Бозиҳои XIV-уми Русия ва Бозиҳои X-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун омили тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ» ва «Бозиҳои Делфӣ ҳамчун воситаи дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод дар соҳаи фарҳанг ва санъат» доир гардид.Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 кишвари ҷаҳон ҷонибдорӣ гардида, яке аз самтҳои афзалиятноки баргузории бозиҳои делфӣ- ин тарғиби ҳаракати байналмилалии бозиҳои делфӣ, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ ва маънавиёти наврасону ҷавонон, тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






