Бозтоби Конфронси оби Душанбе дар расонаҳои мисрӣ
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — 6 майи соли 2015 рӯзномаи мисрии “ал-Аҳром” мақолаи хабарнигори худ Ториқ ас-Санутиро таҳти унвони “Тоҷикистон Конфронси байналмилалии обро бо иштироки Миср моҳи оянда мизбонӣ хоҳад кард” мунташир намуд. Дар мақола бо ишора ба Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015-ро дар пойтахти кишвар — Душанбе 9-10 июни соли ҷорӣ мизбонӣ хоҳад кард.
Таъкид гардидааст, ки конфронс иқдоми хирадмандона дар вақти муносиб ба шумор рафта, ба боло бурдани сатҳи огаҳии ҷомеаи байналмилалӣ аз вазъи соҳаи об, кӯшишҳои ҳукуматҳо, Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ ва тарафҳои дахлдори дигар барои ҳалли мушкилоти об мусоидат хоҳад кард. Дар Конфронс намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои узви СММ, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молӣ, маҳофили соҳибкорӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи маданӣ, инчунин донишмандону коршиносон иштирок намуда, ба ҳукумати Миср низ даъватнома ҷиҳати иштирок дар конфронс фиристода шудааст.
Барномаи фарогири конфронс бо иштироки тамоми тарафҳо ва соҳибони қарор таҳия шуда, инчунин Кумитаи байналмилалии тадорукот иборат аз намояндагони кишварҳои шарик, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, созмонҳои марбут ба ҳавзаҳои рӯдхонаҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва тарафҳои дигари дахлдор таъсис ёфтааст.
Ҳадафи аслии конфронс баррасии фарогири масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал, нақши меҳварии он дар оянда дар бозбинии комили раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ ва ба таври густурда ба таваҷҷуҳи афкори умумии байналмилалӣ расонидани натиҷаҳои ин даҳсола мебошад.
Дар робита ба мавзӯъ ёдовар бояд шуд, ки қаблан 5 май рӯзномаи “ал-Ҷумҳурия” ва 1 майи соли 2015 хабаргузориҳои дигари Миср, аз ҷумла ал-Аҳром, ал-Явм-ус-собеъ, аш-Шуруқ, ал-Мисрӣ ал-явм, ал-Балад, ат-Таҳрир, ал-Баввоба, Ахборак ва ғайра бо истинод ба Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (MENA) хабареро дар бораи Конфронси оби Душанбе мунташир карданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






