«Чодари найранг» дар театри Лоҳутӣ
Душанбе, 21. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз соати 17.30 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши «Чодари найранг», ки ба соли оила бахшида шудааст, пешкаши тамошобинон хоҳад гашт.
Тибқи иттилои Муҳиддин Зоидов, иҷрокунандаи вазифаи директори театри мазкур «Чодари найранг» аз рӯи асар ва коргардонии Тӯрахон Аҳмадхон рӯи саҳна омадааст. Дар нақшҳои асосӣ ҳунармандони шинохта Қиёмиддини Чақал, Света Наврӯзова, Ортиқ Қодир ва Зулхумори Иброҳим ҳунарнамоӣ мекунанд.
«Дар намоишнома мо кӯшиш намудем, ки бештар ба масъалаҳои маърифати зан ва оиладорӣ, омодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию эҳёкорӣ, ҳифзи оилаю модар ва кӯдак, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва тақлид ба либоспӯшии бегонаю дигар масъалаҳои мубрами рӯз диққати бештар диҳем. Тавре ки медонем, соли 2015-ро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Соли оила эълон кардааст ва мо ин намоишномаро маҳз ба ҳамин мавзӯъ бахшидем», — иброз намуд коргардони намоишнома Тӯрахон Аҳмадхон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






