Чор голи Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи КМВА «Помир»
Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бозии даври чоруми чемпионати Тоҷикистон байни “Истиқлол” ва КМВА “Помир” бо ғалабаи бузурги чемпиони феълӣ анҷом ёфт. Шогирдони Мубин Эргашев ба дарвозаи мудофиачиён панҷ гол зада, аз дарвозаи худ як гол сар доданд.
Тавре ки сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, қаҳрамони бозӣ ҳамлагари “Истиқлол” ва тими мунтахаби миллии кишвар Манучеҳр Ҷалилов шуд.
Манучеҳр дар ин бозӣ ба задани чор гол муваффақ шуда, муаллифи нахустин “Покер” дар чемпионати имсолаи Тоҷикистон шуд. Як голи дигари “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев ба самар расонид. Голи престижи мудофиачиёнро Давронҷон Тухтасунов зад. Ҳаминро зикр мекунем, ки голи Тухтасунов аввалин голест, ки дар чемпионати имсола ба дарвозаи чемпиони феълӣ зада мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






