Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ »Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар доираи чорабиниҳои таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар қаламрави вилоят як силсила чорабиниҳо гузаронида шуд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, бобати таҳкими фаъолияти эҷодии ҷавонон, ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, дарёфт ва ба рӯи саҳна овардани истеъдодҳои нав тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, озмуни «Стипендияи раиси вилоят барои донишҷӯёну аспирантҳои мактабҳои олӣ», озмуни вилоятии сурудҳои ватанпарастонаи «Суруди сарбоз», Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, ҳашари ҷавонон барои беҳдошти фазои экологӣ, Дави миллӣ таҳти шиори «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим!», мусобиқаҳои пойгаи аспӣ, шиноварӣ, ярмаркаи туристӣ, таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳамшираи шафқат ва аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат ба вуқӯъ пайвастанд.
Ҳамзамон моҳи апрели соли 2015 маҷмӯаи мақолаҳои беҳтарини 50 нафар олим ва муҳаққиқи ҷавони вилоят нашр шуд, ки аз маърӯзаҳои илмии беҳтарин фароҳам оварда шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






