Дархости Федератсияи футболи Тоҷикистон
Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Федератсияи футболи Тоҷикистон барои роҳандозии даври интихобии мусобиқоти Осиё оид ба футзал — 2016 дар Минтақаи марказӣ дархост дод.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ФФТ маҷмааи варзишии «Қасри варзиш» — и шаҳри Хуҷандро, ки барои қабули 2670 нафар мухлис ғунҷоиш дорад, ба ҳайси ҷойи гузаронидани даври интихобии мусобиқот интихоб кард.
Дар даври интихобии Мусобиқоти Осиё — 2016 дар Минтақаи марказӣ дастаҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок менамоянд. Дар қисми ниҳоии мусобиқоти Осиё, ки аз 9 то 20 феврали соли 2016 дар пойтахти Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд баргузор мешавад, аз Минтақаи марказӣ ду даста ширкат мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






