Дарсҳои назариявӣ дар Раёсати ХМ дар Душанбе
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Синфхонаҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе имрӯзҳо аз муроҷиаткунандагон холӣ нестанд. Ҳамарўза бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки мақсади сафар ба Федератсияи Русияро доранд, дарсҳои назариявӣ гузаронида, ба онҳо қоидаҳои буду бош, тартиби гирифтани сертификат ва патент ба таври содда ва муфид фаҳмонида мешавад.
Тавре ки сармутахассиси Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Равон Мерганов хабар дод шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ 4 вохурӣ бо иштироки 77- нафар сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузарониданд.
Ҳангоми дарсҳои назариявӣ кормандони Раёсат оид ба қонунгузории нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират, муваққатан қатъ гардидани рафтуомад ба ин кишвар, тартиби гирифтани Патент, муҳлати будубош, нигоҳ доштани асолати оила, расонидани кўмакҳои моддию маънавӣ ба аҳли оила, падару модар, арҷ гузоштан ба суннатҳои миллию аҷдодӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, муҳаббат ва содиқ мондан ба Ватани аҷдодӣ, ҳамроҳ нашудан ба гурўҳҳои ифротию экстримистӣ гузаронида маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Дар айни замон кор дар ин самт идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






