Дасти хайри соҳибкорӣ ватанӣ
Кӯлоб, 14.05.2015.(АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Соҳибкорони ватанӣ камари ҳиммат бастаанд, ки дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро дар самти сиёсати ҷавонон оид ба рушди варзиш татбиқ намоянд ва дар солимгардонии ҷавонону пешгирии рафторҳои номатлуб ҳисса гузоранд. Дар робита ба ин соҳибкор Фирўз Набиев аз ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар деҳаи ба номи Бобо Носири ноҳия толори варзишии муҷаҳҳазро ба варзишгарон тақдим намуд. Бояд зикр кард, ки дар ин ҷамоати аз минтақа дур тайи солҳои тӯлонӣ толор ва майдончаи варзишӣ набуд. Хушбахтона, дар даврони истиқлолият сокинони ин деҳа ба муроди худ расиданд.Толори варзишӣ бо маблағи 270 ҳазор сомонӣ сохта шуд. Соҳибкор дар оянда ният дорад дар ин маҳалла меҳмонхона ва чойхонаро ба истифода диҳад.Мақсади соҳибкор чун як фарди ватандӯст ободу зебо гардонидани диёри худ, тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандорӣ, пешгирии ҷавонон аз равияҳои номатлубу ба ҷомеа зараровар мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






