Даъвати Э. Раҳмон аз мактаббачаҳои Пешовар ба Тоҷикистон
Душанбе, 14.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нашрияҳои бонуфузи Покистон, аз қабили «The News», «The Nation», «Express Tribune», «CenterFine», «Jung», агентиҳои асосии марказии иттилоотӣ ва шабакаҳои федеролии телевизионии Покистон даъвати Президенти Тоҷикистонро аз талабагони мактаби Пешовар ба Тоҷикистон барои барқарор намудани саломатиашон ба табъ расондаанд.
Дар нашрияҳои мазкур омадааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи талабагони мактаби Пешоварро барои барқарор кардани саломатиашон ба Тоҷикистон даъват кардааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки барои талабагон барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва сафар ба мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон омода шудаанд.
Доираҳои сиёсии Тоҷикистон ба ин иқдоми неки Президенти Тоҷикистон баҳои баланд дода, боварӣ доранд, ки дигар кишварҳои минтақа ҳам ба Тоҷикистон пайравӣ менамоянд.
Созмону ташкилотҳои гуногуни сиёсию ҷамъиятии Покистон барои ин амали хайр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кардаанд. Ба ақидаи онҳо ин иқдом ба рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Покистон мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






