Даври аввали сабқати лигаи Тоҷикистон
Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки дар он 13 даста ширкат мекунад, 1- уми май оғоз ёфт.
Мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки дар он 13 даста ширкат меварзад, рӯзи ҷумъаи 1- уми май шурӯъ шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар нахустин даври мусобиқа дастаи нави лигаи аввал — «Помир»- и Душанбе, ки аз ҳисоби бозингарони дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) ташкил ёфтааст, дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар аз тими «Ҳулбук»- и Восеъ бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд.
Дар бозиҳои дигар «Ҳосилот»- и Фархор дар сафар бар МТО (Маркази тайёрии олимпӣ)- и Хуҷанд бо ҳисоби 4:2, «Саройкамар»- и Панҷ дар майдони худ бар «Локомотив»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0, «Исфара»- и Исфара дар меҳмонӣ бар «Канд»-и Конибодом бо ҳисоби 1:0, «Панҷшер»-и Румӣ бар дастаи меҳмон — «Зарафшон»- и Панҷакент ва «Кӯктош»- и Рӯдакӣ бар «Чашма»- и Шаҳритус бо ҳисоби якхелаи 2:0 пирӯз шуданд. «Эсхата»-и Хуҷанд аз бозии даври аввал озод буд.
Бозиҳои даври дувуми сабқати лигаи аввали Тоҷикистон рӯзҳои истироҳати оянда — 9- ум ва 10- уми май — баргузор мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






