Дилшод Назаров -соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Бразилия
Душанбе, 26.05.2015 (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз КМО хабар доданд, Дилшод Назаров аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Вай дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При «Оstrava golden spike» оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад.
Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Чех Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 80,75 метр ғолиб шуд. Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 77,71 метр мақоми севумро касб кард.
Дилшод Назаров дар ҳамин ҳол ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки рӯзҳои 3-7 июн дар шаҳри Ухани Чин баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.
Бояд гуфт, ки Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозии олимпӣ хоҳад шуд. Вай аввалин бор соли 2004 дар Бозиҳои олимпии Афина (Юнон) ширкат кардааст. Ӯ дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ҷойи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ҷойи 10-умро гирифт.
Дилшод қаҳрамони дукаратаи Осиё (солҳои 2009 ва 2013) мебошад. Вай соли 2013 дар чемпионати ҷаҳон дар Маскави Русия панҷум шудааст.
Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр аст.
Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъйин шудааст. Вай инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






