Душанбе наздики 700 сарбоз ба Артиш фиристод
Душанбе, 07.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар пойтахт пеш аз муҳлат иҷро гардид. Сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе, полковник Саид Каримов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар пойтахт аз оғоз муташаккилона ҷараён гирифта, аз чор навоҳии Душанбе 693 нафар наваскар барои хизмати содиқона ба ватан ба сафи Артиши миллӣ фиристода шуд.
Полковник Каримов афзуд, ки дар омода ва гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе дар ин давра бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт, прокуратура, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ҳамкории густурдаро ба роҳ монд.
Инчунин бо роҳи ихтиёрӣ гусел кардани чавонон ба сафи Артиши миллӣ бо иштироки собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, ҷанговарони башардӯст, волидайни ҷавонон ва дигар намояндагони ҷомеа мулоқот доир шуда, дар он доир ба ҳифзи марзу буми Ватан, далерию ҳушёрӣ ва содиқона хизмат кардан ба ватан сухан рафт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






