Эҳтимолияти ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон

Май 25, 2015 11:24

Душанбе,25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи апрел 44 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти техногенидошта сабт шудааст, ки дар пайи он ба хоҷагии халқ 57800 сомонӣ зиёни молиявӣ расидааст.
Ба иттилои Вафо Ашӯров, корманди масъули Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон, дар натиҷа ин ҳодисаҳо 6 нафар ҳалок гардида, 33 нафар ҷароҳати гуногун бардошт. 
Дар робита ба ин Вафо Ашӯров ҳущдор дод, ки: «Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят то охири моҳи майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ омадани эҳтимолияти ҳолатҳои фавқулодаи вазиши шамоли сахт, сӯхтор, боридани боронҳои пайдарпай, омадани сел, обхезӣ, афзоиши ҳолатҳои ғарқшавии одамон ва садамаҳои нақлиётӣ дар назар аст».
 
 

Май 25, 2015 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд