«Фарҳанги водии Ҳисор»: китоби нав

Май 29, 2015 15:45

 
            Душанбе, 29.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-    «Фарҳанги водии Ҳисор дар ҳамоҳангӣ ба тамаддуни минтақавӣ»- таҳти чунин унвон нашриёти «Дониш» китоби донишмандони шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабов ва Муҳаммадраҳим Каримзодаро рӯи чоп овард.
             Китоб бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба ифтихори 3000-солагии тамаддуни Ҳисори шодмон, ки тирамоҳи соли 2015 дар сатҳи баланд таҷлил мешавад, нашр гардидааст. Китобро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусоидат бо Академияи имлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази илмии байналмилалии фарҳанги мусиқии мардумони Шарқ «Борбад» мунташир кардааст.
           Назар ба иттилоъи Аскаралӣ Раҷабзода, яке аз муҳаррирони масъули китоби мазкур,  «Фарҳанги водии Ҳисор дар ҳамоҳангӣ ба тамаддуни минтақавӣ» маҳсули кори дастаҷамъонаи донишмандон буда, дар он мақолаҳои олимони барҷастаи  кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Фаронса, Канада, Ӯзбекистон ва Туркманистон , ки аз фарҳанги  водии Ҳисор нақл менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.
 
 

Май 29, 2015 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд