Фархор: Аз нақлиёт ҳушёр бошед!
Фархор, 26. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии атомобилии ноҳияи Фархор баҳри эмин доштани бехатарии воситаҳои нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд.
Ба қавли сардори шуъбаи БДА Шуҳрат Нуралиев дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ кормандон ронандагони воситаҳои нақлиётеро, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накардаанд, ба маблағи 1326 сомонӣ ҷаримабандӣ карданд, ки аз ин шумора 11 адад дар ҳолати мастӣ ва 3 адад сиёҳшиша мебошад. Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия, хушбахтона, садамаи автомобилӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи манбаъ масъулини шуъба бо соҳаи маориф ҳамкории зич дошта, дар аксари мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо хонандагон дар мавзӯъҳои « Қоидаи ҳаракат дар роҳ», «Риояи чароғакҳои роҳнамо», «Аз нақлиёт ҳушдор бошед» вохӯрӣ гузаронида, хонандагонро аз ҳар гуна хатарҳои нақлиётӣ ҳушдор месозанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






