Футзали Тоҷикистон: пирӯзии «Сипар»
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ »Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, дар бозии марказии даври сеюми лигаи касбии футзали Тоҷикистон чемпиони феълии мамлакат “ДИСИ Инвест”-и пойтахт “Соро компания”-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 8 бар 1 шикаст дод.
Бояд гуфт, ки дар вохӯрӣ ҳисобро футзалбозони “Соро компания” боз карданд, ки он барояшон ибтидову интиҳоӣ шуд. Ба голи ягонаи онҳо бозингарони футзали “ДИСИ Инвест” бо ҳашт гол ҷавоб гуфтанд. Дар ин бозӣ капитани ғолибон Ораз Ализода муаллифи хет- трик шуд.
Аз ҳама дида, дастаи сулҳдӯсти лига “ТКБ Лизинг” ин бор низ бозияшро мусовӣ анҷом кард. Шогирдони Пайрав Воҳидов дар бозӣ бо “Самандар”-и Турсунзода қариб буд, ки ба нахустин ғалаба ноил шаванд. Аммо дар қисми якуми вохӯрӣ бо 2 гол пешсаф буда, дар қисми дуюм ба дарвозаи худ ду гол сар доданд. Баъди ин мусовӣ “Самандар”- и Турсунзода соҳиби имтиёзи аввалини чемпионат шуд.
Баъд аз се мағлубияти пайдарҳам “Сипар”- и Хуҷанд дар ин давр ба пирӯзӣ ноил шуд. Футзалистони хуҷандӣ бо ҳисоби 5 бар 2 “Формула успеха”-и пойтахтро мағлуб карданд.
Барномаи даври сеюми сабқати мазкур имрӯз, 21- уми май анҷом мешавад. Футзалистони “Бонки миллӣ” бо витсе- чемпиони футзали Тоҷикистон дастаи “Газпром” рӯбарӯ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ин бозӣ соати 17.00. оғоз мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






