Гирандагони стипендияи президентӣ фаъоланд
Рашт,19.05.2015.( АМИТ «Ховар», Мирзосафари Ризвон).-Тавре ки аз шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт хабар доданд, дар ноҳия 3 нафар талабаи аълохон гирандаи стипендияи президентӣ мебошад. Ба қатори онҳо Турсунзода Саймаҳбуб, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти умумии №12, Фирдавс Хоҷаев, хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти умумии №26, Фазолат Эшонова, донишҷўи коллеҷи омӯзгории Навобод, Зарнигор Шерова, хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти умумии №52 дохиланд.
Онҳо на танҳо дар таълимгоҳҳои худ нағз мехонанд, балки дорои ахлоқи хуб, ҷаҳонбинии васеъ буда, дар корҳои ҷамъиятии мактабҳо фаъолона иштирок менамоянд. Хулоса толибилмони гирандагони стипендияи президентӣ намунаи дигарон мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






