Гусели 38 нафар ба нафақа
Душанбе, 27.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори агентӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа 38 нафар корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ, ки мувофиқи Низомномаи адои хизмат ба синни ниҳоии хизмат расидаанд, ба нафақа гусел карда шуд.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, директори агентии мазкур ба кормандони собиқадори мақомот барои хизмати содиқона дар назди халқу Ватан миннатдорӣ баён намуда, ба эшон барои хизматҳои шоён, дарозмуддат ва бенуқсон, тарбияи мутахассисони ҷавон ва саҳми босазо гузоштан дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии давлат мукофотҳои хотиравӣ тақдим намуд. Аз ҷумла, 2 нафар корманд ба Китоби фахрии агентӣ дохил шуда, 4 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия” ва 15 нафар корманд бо “Ифтихорнома”-и агентӣ мукофонида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






