Густариши ҳамкориҳо бо БДРЧ
Душанбе, 22.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Чанде қабл ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Чжао Сяоюй бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, зимни сафар бо нақшаи таҳиягардида аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» шинос шуд. Чжао Сяоюй бо раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода вохӯрӣ анҷом дод, ки мақсади асосии вохӯрӣ густариши ҳамкориҳои миёни БДРЧ ва БДА ҶТ «Амонатбонк» буд. Дар вохӯрӣ масъалаҳое баррасӣ гардиданд, ки то ба имрӯз ҷонибҳо бо татбиқи ин лоиҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Таваҷҷуҳи бештар ба самтҳои фаъолияти бонкҳо ва рушди соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ, низоми бонкӣ-моливӣ ва дигар масъалаҳои марбут равона гардид.Аз ҷумла, зимни вохӯрӣ масъалаи дастгирии лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҳисоби қарзҳои имтиёзноки БДРЧ ва саҳмгузор будан дар рушди соҳоти иқтисодии кишвар дар робита ба он маблағҳое, ки аз тариқи «Амонатбонк» аз БДРЧ пешниҳод мегарданд, баррасӣ гардид. Дар ин раванд Чжао Сяоюй аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори сипос намуда, зикр кард, ки имрӯз «Амонатбонк» ҳамчун як шарики боэътимоди БДРЧ шинохта шудааст ва ҳама гуна ҳамкориҳо натиҷаҳои дилҳоҳ хоҳанд дод. Лозим ба зикр аст, ки дар доираи ин сафар гурӯҳи корӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон дида намуда, бо раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода вохӯрӣ анҷом дод. Дар вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ташкили як фонди инвеститсионии муштарак миёни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид. БДА ҶТ «Амонатбонк» оғоз аз соли 2008 бо БДРЧ ҳамкории қавӣ дошта, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди ҷалби инвеститсияи хориҷӣ барои рушди соҳоти мухталифи ҷомеа мавқеи муайянеро миёни бозори бонкии Тоҷикистон ишғол намудааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






