Хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ба амнияти кишвар

Май 29, 2015 11:14

Душанбе, 29. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Чанде пеш дар шаҳри Хоруғ дар мавзӯи  «Хатарҳои терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ба амнияти кишвар ва чораҳои пешгирӣ намудани он» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. 
Прокурори вилоят Мироҷиддин Наботов кори конфронсро оғоз бахшида, зикр намуд, ки: «Имрӯз зуҳуроти тундгароӣ ва ифротгароӣ бо ҳамаи оқибатҳои даҳшатбораш ба мушкилоти ҷиддии ҷомеа табдил ёфтааст. Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем».
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед иброз дошт, ки имрӯз терроризму ифротгароии диниву сиёсӣ аз доираи зуҳуроти хавфноки давлатию миллӣ баромада, ба хатари вазнини байналмилалӣ табдил ёфтааст. Гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна ва террористӣ солҳои охир вусъат гирифта, ба як равияи хатарафзои сайёра тавассути роҳандозии амалиёти ҳаросафкан, исёнҳои мусаллаҳона, бо роҳи зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият, барҳам додани сохти конститутсионӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо табдил ёфта истодааст.
Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ин падидаҳои номатлуби  хатарафзо ба Тоҷикистони соҳибистиқлол низ таҳдид мекунад. Имрӯз аз рӯи маълумоти мақомоти қудратӣ тақрибан 350 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда, дар давлатҳои Сурияю Ироқ ҷангида истодаанд, ки 60 нафари онҳо аллакай ҷони хешро аз даст додаанд. Мутаассифона, 60 нафар зодагони ВМКБ низ ба ин гурӯҳҳо  шомиланд ва шаш нафарашон ҳалок шудаанд. Мақсади ҷамъомади имрӯзаро Шодихон Ҷамшед дар баррасии масъалаи амнияти минтақа, сарҳад ва шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, иштироки онҳо дар ҷангҳои дигар кишварҳо арзёбӣ намуд. 
Нусратулло Мирзоев, сардори Раёсати КДАМ ҶТ дар вилоят оид ба сабабу омилҳои гаравидани ҷавонон ва наврасон ба созмонҳои экстремистию террористӣ, таъсири чунин падидаҳои номатлуб ба раванди сулҳу субот ва вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Искандарзода Абдулваҳҳоб Мансур, сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилоят оид ба ошкоркунии ҷиноятҳои экстремистию террористӣ бо далелҳои боэътимод ҳарф заданд. 
Сипас, иштирокдорон филми мустанади телевизионии «Тақдири гумроҳон»-ро ки оид ба кирдорҳои разилонаи террористону ифротгароён омода шудааст, тамошо карданд.

Май 29, 2015 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!