Хатлон: 45 дақиқа-вақт барои «Занги камолот»
Душанбе, 27. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон рӯзи 6-уми июн чорабинии дохилимактабии «Занги камолот» бо иштироки танҳо хонандагони синфҳои 9 ва 11 аз соати 8 оғоз ёфта, дар доираи 45 дақиқа гузаронида шуда, баъдан машғулиятҳо барои хатмкунандагон тибқи ҷадвали дарсҳо баргузор мегарданд.
Соли таҳсили 2014-2015 дар вилоят 1322 муассисаи таҳсилоти умумӣ 654 ҳазору 367 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифт, ки аз ин шумора 43 ҳазору 966 нафар хатмкунандаи синфи 11 ва 64 ҳазору 20 нафар хатмкунандаи синфи 9-ум мебошад.
Мусаллам аст, ки хонандагони синфҳои 9 ва 11 баъд аз бомуваффақият супоридани санҷишу аттестатсияи давлатии хатм соҳиби номаи камол ва шаҳодатномаи хатми мактаби таҳсилоти асосии умумӣ гашта, бо як ҷаҳон орзую умед аз пайи идома додани таҳсил, омӯзиши касбу ҳунар ва ихтисоси пешанамудаи хеш дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии дохил ва хориҷи кишвар мегарданд.
Боиси хушнудист, ки дар ҷумҳурӣ ба мақсади дастрасии баробар ба гирифтани таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имконияту шароити ба таври шаффоф ва мутамарказ супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ тавассути Муассисаи давлатии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он дар маҳал роҳандозӣ шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






