Хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Туто
Душанбе, 18.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати кишоварзӣ чорабиниҳои мушаххас амалӣ мешаванд.
Тавре ки намояндаи лоиҳа Муҳриддин Музаффаров иттилоъ дод, бо мақсади дидани ҳолати татбиқи лоиҳаҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ роҳандозӣ гардидаанд, боздиди кории Сафири ИМА дар Ташкилотҳои СММ дар Рим Дэвид Лейн ва намояндагони васоити ахбори омма аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ дар ноҳияи Мӯъминобод сурат гирифт. Меҳмонон дар маросими супоридани иншооти хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Туто, ки масофаи он 12 ҳазору 726 метрро ташкил дода, 287 хоҷагии деҳа пурра бо оби нушокӣ таъмин гардид, ширкат намуда, ба корҳои сохтмонии он ва сатҳу сифати оби тозаи нӯшокӣ, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Беҳсозии сатҳи зиндагӣдар Хатлон” сохта шудааст, баҳои баланд доданд.
Инчунин дар деҳаи Сангдараи болои ноҳияи Муъминобод клиникаи байторӣ кушода шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон” Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии Лангар бо 2 адад трактор бо олотҳои васлкунанда таъмин шудааст.
Дэвид Лейн аз қитъаи боғи намунавии интенсивии себи навъҳои кадпаст дар хоҷагии деҳқонии “Хоҷаи нур”-и ноҳияи Мӯъминобод боздид намуда, ба технологияи интенсивии истифодашаванда баҳои баланд доданд. Инчунин меҳмонон дар деҳаи Ханатарош аз натиҷаҳои татбиқ ва ҷараёни корҳои лоиҳавӣ аз наздик шинос шуда, бо аҳолии деҳа вохӯриҳои судманд гузарониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






