Хуҷанд: Иди Ғалаба 8 май таҷлил мешавад

Май 6, 2015 11:41

Хуҷанд, 06.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар  маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ҷашни 70-солагии Ғалаба 8 май таҷлил мешавад. Тибқи маълумоти роҳбари маркази иттилоотии мақомоти шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Муҳаммадӣ, дар ин рӯз чорабиниҳои асосӣ- арҷгузорӣ ба корнамоиҳои қаҳрамонони арсаи набард дар майдони Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, воқеъ дар мавзеи “Панҷшанбе”-и маркази шаҳр доир мегардад. 
Бахшида ба ин ҷашн ҳамчунин дар ҳудуди шаҳр гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир»  ва дар пояи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби хонандагони беҳтарини мактабҳои шаҳр ташкил намудани «Посбони фахрӣ», аёдати иштирокчиёни ҶБВ, маъюбони барҷомонда, ҳамсарони бесаробонмондаи иштирокчиёни ҶБВ, баргузории вохӯриву чорабиниҳои хотиравӣ  ва мусобиқаҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст.     

Май 6, 2015 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад