Хуҷанд: Иди Ғалаба 8 май таҷлил мешавад
Хуҷанд, 06.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ҷашни 70-солагии Ғалаба 8 май таҷлил мешавад. Тибқи маълумоти роҳбари маркази иттилоотии мақомоти шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Муҳаммадӣ, дар ин рӯз чорабиниҳои асосӣ- арҷгузорӣ ба корнамоиҳои қаҳрамонони арсаи набард дар майдони Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, воқеъ дар мавзеи “Панҷшанбе”-и маркази шаҳр доир мегардад.
Бахшида ба ин ҷашн ҳамчунин дар ҳудуди шаҳр гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир» ва дар пояи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби хонандагони беҳтарини мактабҳои шаҳр ташкил намудани «Посбони фахрӣ», аёдати иштирокчиёни ҶБВ, маъюбони барҷомонда, ҳамсарони бесаробонмондаи иштирокчиёни ҶБВ, баргузории вохӯриву чорабиниҳои хотиравӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






